Пайвандҳои дастрасӣ

Аннан ба ҳалли бӯҳрони Кения ҳамроҳ мешавад


Миёнарави байналмилалии ҳалли бӯҳрони Кения мегӯяд, собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннан дар ҳалли низоъ саҳм мегирад.
Раҳбари Иттиҳоди Африқо Ҷон Куффор дар шаҳри Найробӣ баъди музокирот бо президент Мвайӣ Кибакӣ ва раҳбари мухолифин Раила Одинга изҳор намуд, ки Кофӣ Аннан дар ҳалли баҳс саҳм мегирад. Одинга пирӯзии Кибакӣ дар интихоботи 27-уми декабрро эътироф намекунад.
Ба гуфти Куффор ҳар ду ҷониб мувофиқат кардаанд, ки хушунатро канор гузоранд. Дар бархӯрдҳои баъди интихоботии Кения камаш 500 кас кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG