Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба созиши исроилиҳову фаластиниҳо бовар дорад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш бовар дорад, ки то охири даври дуюми раёсатҷумҳурии ӯ , яъне дар давоми як соли оянда созиши сулҳи Исроилу фаластиниҳо ба имзо мерасад.
" Ман бовар дорам, ки ин имкон дорад, ва на танҳо имкон дорад, балки ман мутмаинам, ки қабл аз анҷоми раёсатҷумҳурии ман созиш ба имзо мерасад. Ман ба ин амр бовар дорам. Сабаби бовариам ин аст, ки ҳар ду сарвазир ҳам исроилӣ ва ҳам фаластинӣ дар бораи эҳтиёҷ ба созиш ҳарф мезананд."
Дар нишасти матбуотии муштарак бо раҳбари идораи мухтори фаластиниҳо Маҳмуд Аббос дар шаҳри Ромаллоҳ президент Буш гуфт, раҳбарони исроиливу фаластинӣ "аҳамияти ҳамзистии осоиштаи кишварҳои демократиро дарк мекунанд."
Раисҷумҳури ИМА итминон дорад, ки раҳбарони ду ҷониб баҳри расидан ба ҳадаф қарорҳои сангини зарурӣ қабул хоҳанд кард.
Президент Буш аз нерӯҳои исроилӣ дархост намуд, ҳамлаҳо болои ҷангҷӯён дар соҳили ғарбиро мутаваққиф намоянд, зеро ин амал салоҳияти нерӯҳои амниятии зери назорати Аббосро заиф мегардонад.
Дар чорчӯби сафари Ховари Миёна раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе вориди Исроил шуд.
XS
SM
MD
LG