Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи Ҳурмуз аз назари эрониҳо дигар аст


Телевизиони англисизабони Press-TV-и Эрон навори видеоро намоиш дод, ки аз тарафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар гирифта шудааст ва дар он ҳодисаи рӯ ба рӯ омадани заврақҳои тезҳаракати эронӣ бо киштиҳои ҷангии ИМА сабт гардидааст.
Рӯзи сешанбеи 8-уми январ вазорати мудофиаи ИМА навореро намоиш дода, таъкид кард, ки заврақҳои эронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба киштиҳои амрикоӣ наздик шуда, таҳдид карданд, ки худро мунфаҷир менамоянд.
ИМА ин амалро "иғво" унвон дода, таъкид кард, ки дар сурати такрори чунин ҳодиса "паёмади ногувори он" бар дӯши эрониҳо хоҳад буд.
Эрон иттиҳомро рад намуд. Дар наворе, ки имрӯз Press-TV намоиш дод, гашти эронӣ ба киштиҳо наздик шуда, аз маллоҳони амрикоӣ тақозо кард, ҳуввият ва сабаи вурудашон ба минтақаро ошкор кунанд.
XS
SM
MD
LG