Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши таҷҳизоти тиббии Чин дар Душанбе


Ширкати чиноии «New soft medical systems» дастгоҳҳои тибии худро дар Вазорати беҳдошти Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Дар расми ифтитотоҳи ин муаррифӣ аз ҷумла Нусратулло Салимов, муовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон, раҳбарони муассисаҳои калони табобатии кишвар ва намояндагони ширкати чиноӣ бо сарварии Жасмин Ҳонг, мудири бахши фурӯши ширкати «New soft medical systems», иштирок намуданд.
Ширкати чиноӣ маҳсулоти тиббии худро, ки дар байни онҳо ҳамчунин дастгоҳи муосири ташхисии томографро ба маърази намоиш гузошт.
Қабл аз ин бо аҳдофи омӯзиши вазъи беҳдошти Тоҷикистон ҳайъати ин ширкати чинӣ аз Маркази миллии тиббии Тоҷикистон (Бемористони ҷумҳуриявии № 3) дидан кард.
Бино бар таъйиди Вазорати тандурустии Тоҷикистон, сафари ҳайъати ин ширкати тиббии чинӣ хусусияти шиносоӣ дорад. Ин дафъа ширкати чиноӣ нийяти ироъаи иқдоми башардӯстона дошта, дар доираи он ба ба ихтиёри як идда муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дастгоҳҳои тиббиро гузоштааст. Баъди ин ширкати мазкур фурӯши маҳсулот ва дастгоҳҳои тиббиро дар ин кишвар ба роҳ монданист. Аз рӯи натоиҷи ин сафари худ ширкати «New soft medical systems» мехоҳад бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба таҳвили дастгоҳҳои тиббӣ тавофуқи ҳамкорӣ бандад.
Ширкати «New soft medical systems» дар соли 1998 ташкил шуда, дар ҳоли ҳозир ширкати бартари истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои тиббӣ дар Чин маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG