Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тата Нано арзонтарин мошини рӯи олам


Гурӯҳи Татаи Ҳиндустон мегӯяд, ки арзонтарин мошини рӯи оламро истеҳсол намудааст. Тата Нано чор дар ва панҷ ҷои нишаст дошта, қимати он ба тахминан 2500 доллари Амрико баробар аст. Ба қавли мошинсозон миллионҳо нафар одами камдаромад имкон хоҳанд дошт, ки чунин мошинро харидорӣ намоянд. Гурӯҳи Тата меафзояд, Тата Нано ҳаворо камтар олуда карда, нисбат ба мототсиклҳо, ки дар саросари Ҳиндустон равуо мекунанд, амнияти бештар дорад.
XS
SM
MD
LG