Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи як имоми масҷид аз Италия


Мақомоти Италия имоми яке аз масоҷиди шаҳри Туринро бо иттиҳоми тарғиби зӯроварӣ ва пуштибонӣ аз ифротгароҳои исломӣ аз кишвар хориҷ карданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохила, Муҳамад Коҳайла, ки тайи 15 соли ахир дар Италия бар сар мебурд, ба зодгоҳаш Марокаш истирдод карда шуд. Гуфта мешавад, ки имоми масҷид зимни амри маъруф аз амалҳои созмони Ал-Қоида ҷонибдорӣ кардааст. Муҳаммад Коҳайла иттиҳоми мақомоти Италияро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG