Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз нӯҳ сарбози амрикоӣ дар Ироқ


Ба иттилоъи низомиёни Иёлоти Муттаҳида, дар ду рӯзи аввали амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони Ал-Қоида дар шимоли Бағдод нӯҳ сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Аз ҷумла, бар асари таркиш дар як манзил дар вилояти Диёл шаш низомии Иёлоти Муттаҳида ба ҳалокат расида чаҳор тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Гуфта мешавад, ки дар амалиёт 24 ҳазор низомиёни амрикоӣ ширкат доранд. Дар задухурдҳо 20 тан аз ошубгарон кушта шуда, 32 нафари дигар асир уфтоданд.

Тибқи як хабари дигар, неруҳои ҳукуматии Ироқ дар канори шаҳри Мосул яке аз раҳбарони созмони Ал-Қоида дар шимоли Ироқро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG