Пайвандҳои дастрасӣ

Интихобот дар чаҳор ҳавза лағв шуд


Комиссиюни Марказии Интихоботии Гурҷистон натоиҷи ройпурсӣ дар чаҳор ҳавза дар интихоботи раёсати ҷумҳурро лағв кард. Масъулини КМИ ин тасмимро бо фишор болои интихобкунандагон, ғайб задани протокол бо натоиҷи ниҳоиии райъпурсӣ ва талоши ба қуттиҳо андохтани баргаҳои изофагӣ марбут кардаанд. Ва аммо Левон Тархнишвилӣ, раиси Комиссиюни Марказии Интихоботи Гурҷистон гуфт, ки ин тасмим ба натоиҷи интихоботи президентӣ таъсире надорад.

Дирӯз Комиссиюн эълом дошт, ки Михаил Саакашвилӣ бо дарёфти 52 дар сади райъҳо барандаи интихоботи раёсати ҷумҳур шудаст. Аз номзади Иттиҳоди мухолифин Левон Гачечиладзе андаке бештар аз 25 дар сади интихобкунандагон пуштибонӣ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG