Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниҳоди расмӣ пирузии Саакашвилиро таъйид мекунад


Леван Тархнишвилӣ-раиси Кумиссюни Марказии Интихоботии Гурҷистон мегуяд, дар натиҷаи шумориши ҳамаи орои райдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон Михоил Саакашвилӣ пируз шудааст. Беш аз 52 дарсад ба ҷонибдорӣ аз Михоил Саакашвилӣ ва беш аз 25 дарсад ба ҷонибдорӣ аз Леван Гачечиладзе рай додаанд. Тибқи Қонуни Асосии Гурҷистон номзаде, ки беш аз 50 дарсади райи интихобкунндагонро ба даст меорад, дар интихобот пируз дониста мешавад. Ҷониби мухолифон ин натиҷаҳоро қабул надоранд ва гуфтаанд, ки ба тазоҳуроти хиёбонӣ шуруъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG