Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон нигарониҳои ҳастаиро рад кард


Исломобод интиқоди Муҳаммад Ал Бародеъӣ-раиси Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаиро дар бораи амнияти аслиҳаи ҳастаии Покистон рад кардааст. Рузи сешанбе оқои Бародеъӣ изҳор дошт, ки имкон дорад аслиҳаи ҳастаӣ дар Покистон ё дар Афғонистон дастраси гуруҳҳои тундрав шавад. Аммо Муҳаммад Содиқ-сухангуи вазорати хориҷаи Покистон имруз гуфт, Покистон "кишвари масъули дорои силоҳи ҳастаист". Дар Покистон 50 силоҳи ҳастаӣ мавҷуд аст ва ҷаҳониён аз амнияти онҳо нигаронанд.
XS
SM
MD
LG