Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба сулҳи Ховари Миёна хушбин аст


Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар фурудгоҳи Тел-Авив, 09 январи 2008
Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар фурудгоҳи Тел-Авив, 09 январи 2008

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш дар нахустин сафараш ба Ховари Миёна аз имконияти нави сулҳи арабу исроилиҳо сӯҳбат кард.

Бушро дар фурудгоҳ дастаи мутрибони ҳарбӣ ва даҳҳо чеҳраҳои саршинос, ба монанди президенти Исроил Шимон перес ва сарвазир Эҳуд Олмерт пешвоз гирифтанд.

Дар сухани кӯтоҳи ташрифотияш Буш гуфт, вай боз шудани "як имконияти наверо" барои сулҳи байни исроилиҳо ва фаластиниҳо мебинад. Вай гуфт: "Мо дар ҷустуҷӯи сулҳи пойдорем. Мо як имконияти наверо барои сулҳ дар ин сарзамини муқаддас ва озодӣ дар ҳамаи минтақа мебинем. Ман ба мулоқотҳом бо президенти Исроил Шимон Перес ва сарвазир Эҳуд Олмерт хушбинам. Мо орзуи хешро ба амният, озодӣ ва слуҳ дар ҳамаи Ховари Миёна баррасӣ мекунем."

Пас аз ин гуфтушунидҳо, Буш рӯзи панҷшанбе дар Ромуллоҳ бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос гуфтугӯ хоҳад кард. Яке аз аҳдофи сафари Буш ба минтақа муваффақ сохтани музокироти сулҳ аст, ки ду моҳ пеш дар як конфаронси байнулмилалӣ бо мизбонии Буш дар Аннаполиси Иёлоти Муттаҳида аз сар гирифта шуд. Сарони исроилӣ ва фаластинӣ замонат доданд, ки то поёни давраи раёсати Буш, яъне аввали соли 2009 ба созиши ниҳоӣ даст хоҳанд ёфт. Вале гуфтушунидҳо баъд аз Аннаполис дар бунбаст мондаанд.

Дар паёми худ, Перес гуфт, соли оянда барои сулҳи Ховари Миёна "лаҳзаи таърихӣ" хоҳад буд. Ҳамзамон ӯ ба масъалаи Эрон ишора кард, ки зимни сафари Буш то рафт бузургтар мешавад. Перес аз Буш даъват кард, дар ҷилавгирӣ аз "девонагиҳо"-и Эрон, Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ кӯмак кунад ва ба Теҳрон ин гуна паём дод: "Мо маслиҳати Бушро қабул дорем, ки набояд таҳдиди Эронро ба чашми кам дид. Ва Эрон набояд қатъияти моро дар худдифоъӣ кам бигирад."

Сафари Буш ҳамчунин кишварҳои дигари минтақа, ба монанди Кувайт, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Дубай, Арабистони Саъудӣ ва Мисрро ҳам фаро мегирад. Пеш аз тарки Вошингтон Буш гуфт, ба дӯстони Амрико хотинишон хоҳад кард, ки Эрон ҳамоно хатаре мебошад, ки гузориши амнияти миллии Амрико дар бораи он паёми духура додааст. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки Эрон барномаи таслиҳоти ҳастаии худро дар соли 2003 қатъ карда буд. "Яке аз мушкилоти мо ин аст, ки гузоришҳои иктишофӣ дар бораи Эрон паёми омехтае медиҳанд. Ва ман ончиро ёдовар мешавам, ки дар нишасти матбуотии пеш аз сафарам дар посух ба пурсише гуфта будам. Боз мегӯям, Эрон таҳдид буд, Эрон таҳдид аст ва Эрон таҳдид хоҳад буд, агар ба он иҷоза дода шавад, ки ғанисозии ураниумро ёд бигиранд."

Сафари президенти Иёлоти Муттаҳида ба минтақаи Ховари Миёна рӯзи чаҳоршанбеи оянда дар Қоҳира ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG