Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б. Бҳутто: "Маро ором гузоред!"


Писари 19-солаи Беназир Бҳутто раҳбари кушташудаи мухолифони Покистон аз хабарнигорон илтимос кард, ки ӯро ором гузоранд ва гуфт, то замоне, ки таҳсили худро хотима надиҳад, ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид нахоҳад шуд.

Биловал Бҳутто Зардорӣ, ки ҷойнишини модараш, яъне раиси Ҳизби мардумии Покистон интихоб шуд, эътироф кард, ки баъди гирифтани ин мақом худро як каме асабонӣ ҳис мекунад. Вай гуфт, дуруст аст, ки ҳоло таҷрибаи кофии сиёсӣ барои раҳбарӣ надорад ва ба ҳамин хотир, таҳсилу омӯзишро идома хоҳад дод.

“Сиёсат дар хуни ман аст. Ман эътироф мекунам, ки таҷрибаи ҳозираи ман маҳдуд аст, вале ман азм дорам, ки омӯзишро идома диҳам. Аммо аввалин нияти ман бозгашт ба Донишгоҳи Оксфорд ва идомаи таҳсил аст.”

Модари Биловал - Беназир Бҳутто, раиси Ҳизби Мардуми Покистон рӯзи 27 декабр зимни як сӯиқасд ба ҳалокат расид ва дар пай, ин кишвар гирифтори бӯҳрони амиқи сиёсӣ шуд. Баъди сӯиқасд раҳбарияти ҳизб Биловали 19-соларо ҷойнишини модараш интихоб кард. Биловал Бҳутто Зардорӣ гуфт, шояд интихоби ҷавони 19-сола ба назари баъзеҳо ғайриоддӣ намояд, вале ӯ барои кӯмак ба ҳизби модараш дар замони бӯҳронӣ ба ин ризоият додааст.

“Ба онҳое, ки ба ҳайси раиси ҳизби сиёсӣ пазируфтани як ҷавони 19-соларо аҷибу ғариб медонанд, ҷавоби ман ин аст: Ман бо иродаи умуми ҳизб ба ин мақом интихоб шудам ва бо раъйи умум аз 50 то 60 аъзои раёсати марказии ҳизб ва шӯрои федеролии Ҳизби мардумии Покистон, ки намояндаи чаҳор вилоят ва Кашмири Озод аст.”

Биловал Бҳутто Зардорӣ, ки дар Покистон ба воя нарасидааст, ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди дурии тулонӣ аз кишвараш аз авзои Покистон ҳамеша огоҳӣ доштааст.

“Дуруст аст, ки ман дар Покистон зиндагӣ накардаам. Маро модарам ба воя расонидааст ва ман мутлақову комилан ба ҳар кори ӯ шарик будам. Ӯ маро аз ҳама чиз огоҳ мекард ва ман умедворам, ки агар як рӯз аз ман хоста бошанд, ман раҳбарӣ хоҳам кард.”

Аммо Биловал Бҳутто Зардорӣ аз он ибрози ташвиш кард, ки хабарнигорон дар пайи дарёфти иттилоъот аз зиндагии хусусии ӯ дар Донишгоҳи Оксфорд шудаанд. Вай аз хабарнигорон дархост, кард, ки мақолаҳои худро бинависанд, вале зиндагии хусусии Биловалро як тараф гузоранд, то ӯ тавонад онгуна, ки модари кушташудааш, Беназир Бҳутто мехост, таҳсилашро ба поён расонад.

XS
SM
MD
LG