Пайвандҳои дастрасӣ

Марди рус дӯстонашро барои хурдани саг кушт


Бино иттилоъи хабаргузории Рейтерз, як нафар сокини 40-солаи вилояти Читаи минтақаи Сибири Русия ду нафар дӯстони худро барои хурдани саги дӯстдоштааш бо табар ба қатл расондааст. Вай баъд аз анҷоми ин амал худ ба пулис хабар додааст. Дар назди кормандони пулис ӯ иқрор шудааст, ки ҳини баргаштан ба хонаи худ дарёфтааст, ки ду нафар дӯстонаш саги хонагии ӯро кушта ва пухта хурдаанд. Вай аз дидани ин ҳолат ба хашм омада, дӯстонашро бо табар ба қатл расондааст.

Гуфта мешавад, вай дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи пулис ба сар мебарад ва ҷинояташ таҳқиқ мешавад. Ва то ба ҳол маълум нашудааст, ки дӯстони кушташудаи ӯ бо кадом сабаб даст ба хурдани саги ӯ задаанд.

XS
SM
MD
LG