Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Ҷорҷ Буш аз Ховари Миёна оғоз шуд


Боздиди серузаи Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико аз Ховари Миёна оғоз шуд. Ҳавопаймои вай соъате пеш дар фурудгоҳи Телавиви Исроил фуруд омад. Ин нахустин боздиди Ҷорҷ Буш дар мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Исроил аст. Вай дар ҷараёни боздид бо Шимон Перес-раиси ҷумҳурии Исроил, Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил ва бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дидору гуфтугу ва онҳоро ба имзои сулҳи Ховари Миёна ташвиқ мекунад. Ҷорҷ Буш талош дорад ин қарордоди сулҳ то поёни соли ҷорӣ, яъне то поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш имзо шавад. Оқои Буш дар зимн аз қаламавҳои Фаластин, Арабистони Саъудӣ ва соири кишварҳои арабӣ боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG