Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Андрей Раппопорт боз ба Сангтуда омад


Андрей Раппопорт, намояндаи РАО ЕЭС - ширкати Русия, ки сохтмони неругоҳи барқи обии «Сангтуда-1»-ро бар уҳда дорад, имрӯз, 9 январ, ба Тоҷикистон омад. Ба иттилоъи хабаргузории «Азия-плюс», А. Раппопорт пас аз вуруд ба кишвар озими маҳалли сохтмони неругоҳ гаштааст. Дар назар аст, вай дар маросими ифтитоҳи санҷишии агрегати якуми неругоҳ, ки рӯзи 13 январ баргузор хоҳад шуд, иштирок намояд.

Неругоҳи «Сангтуда-1» аз сӯи ширкати РАО ЕЭС–и Русия дар ҳоли эҳдос аст ва қаблан раёсати ин ширкат эълон намуда буд, ки нерӯгоҳ дар таърихи 21 декабри 2007 ба тавлиди барқ шурӯъ хоҳад кард, вале маросими ифтитоҳи баҳрабардорӣ аз неругоҳ ба 18 январи имсол ба таъхир андохта шуд.

XS
SM
MD
LG