Пайвандҳои дастрасӣ

Пайомадҳои ҳодисаи Ҳурмуз аз нигоҳи матбуоти Ғарб


Рӯзномаи «Гардиан», чопи Лондон хабар медиҳад, ки киштиҳои низомии муҳофизи Эрон дар минтақаи гулӯгоҳи Ҳурмуз наздики киштиҳои флоти баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуда ва ба гуфтаи мақомоти расмии Пентагон, нирӯҳои баҳрии Амрикоро таҳдид кардааст. Ин ҳодиса қабл аз сафари раиси Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ Муҳаммад ал-Бародаӣ ба Эрон сурат гирифтааст. Ва менависад, ин ҳодиса замони оромиши нисбӣ дар муносиботи Эрону Амрикоро поён бурд.

Рӯзнома ба қавл аз мансабдорони Пентагон навиштааст, ки нирӯҳои баҳрии Амрико ба дунболи тасмими оташкушоӣ ба сӯи киштиҳои низомии Эронро гирифтаанд, вале киштиҳои Эрон бозпас гаштаанд. Ҷониби Эрон гуфтааст, ки ин як ҳодисаи маъмулист, ки дар қабл ҳам иттифоқ меуфтод ва ин бор нирӯҳои муҳофизи баҳрии Эрон киштиҳои низомии Амрикоро нашинохтаанд.

Рӯзномаи итолиёвии «Карера дела сера» бо манзури ҳодисаи иттифоқуфтода дар халиҷи Ҳурмуз суол гузоштааст, ки оё сафари сулҳомези раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна ба дунболи ин ҳодиса ба сафари маҳзи масоили низомӣ табдил нахоҳад шуд? Ба навиштаи рӯзнома, як рӯз қабл аз сафари Ҷорҷ Буш ба Ховари миёна дар зимни ҳодисаи халиҷи Ҳурмуз даҳшати ҳамлаи Амрико ба Эрон дубора ба фазои ин минтақа баргашт ва сулҳи миёни Фаластину Исроил, ки қаблан ҳадафи аслӣ унвон мешуд, ба мақоми дуввум поин рафт. Ва менависад, кишварҳои соҳили халиҷи Форс аз ин мушавваш шудаанд, ки Қасри Сафед ва Пентагон ин ҳодисаро чӣ гуна мепазирад ва аз чӣ иқдоме кор хоҳад гирифт.

«Ле темпс»-и Швейсария бо манзури интихоботи раёсати ҷумҳури Гурҷистон, ки ҳамзамон суоли воришавии ин кишвар ба НАТО дар интихоби мардуми гурҷӣ гузошта шуда буд, навиштааст, ки мардуми Гурҷистон аз узвияти кишварашон ба НАТО пуштибонӣ кардаанд. Аммо менависад, масъалаи аслӣ ин нест, балки субот ва муносибот бо Русия аст. Ба гуфтаи рӯзнома, барои ҷумҳурии ҷавони Гурҷистон сабабҳои воридшавӣ ба НАТО зиёданд, аз ҷумла, ҳамсояи бузургаш Русия имконоти бар зидди ҳукумати Тбилиси бархостанро сарфи назар нахоҳад кард ва ҳамчунин пуштибонии Маскав аз ду минтақаи ҷудоихоҳи Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ ба обрӯи ҳукумати Гурҷистон метавонад ҳар лаҳза латма занад ва дар минтақа мухолифатҳо барангезад. Вале рӯзнома бо истинод ба натиҷаи таҳқиқоти пажуҳишгоҳҳои афкори умум навиштааст, ҷонибдории мардуми гурҷӣ ҳанӯз маънои онро надорад, ки НАТО дар зудтарин фурсат Гурҷисонро ба оғӯши худ мегирад, ва меафзояд, феълан иллатҳое вуҷуд дорад, ки ин раванд то замони номуайян ба дарозо хоҳад кашид.

Рӯзномаи англисии «Дейли телеграф» навиштааст, ки муносиботи маликаи шаҳид Диана ва Доди ал-Файед ҳадди аққал ду ҳафта қабл аз тасодум ва кушта шудани онҳо қатъ шудааст. Рӯзнома ба қавл аз дӯстони маликаи марҳум менависад, барои Диана ва ал-Файед ҳарчанд якҷо саёҳат кардан хуш меомад, аммо то ибтидои августи соли 1997, замони сар задани садами нақлиётӣ онҳо расман дуст набуданд. Гумонҳо дар робита ба ҳодисаи дар тасодум кушта шудани малика Диана ва дӯсти ӯ зиёд аст ва таҳқиқоти ин ҳодиса бештар аз даҳ сол аст, ки идома дорад.

XS
SM
MD
LG