Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди кӯдаки Созмони Милал арӯсии марди 40-сола ва духтарчаи 11-соларо акси сол интихоб кард. Аммо ин ягона ҳодисаи издивоҷи зуд нест.

Аксари душизагон, агар нагӯем ҳамаи онҳо, орзу доранд, либоси арӯсӣ ба бар кунанд ва ҳамсари марде шаванд, ки худ баргузидаанд. Вале ҳазорон бонуи ҷавони афғон маҷбуранд, бо афроде издивоҷ кунанд, ки ҳаргиз надидаанд ва замоне ба зан табдил ёбанд, ки ҳанӯз ҳатто хаёли заношӯӣ надоранд.

Турпакой, ки дар Ҳирот ба сар мебарад, дар сездаҳсолагӣ шавҳар кард ва пас аз чаҳор соли заношӯӣ даст ба худкушӣ зад. Вале зинда монд. Издивоҷҳои зудҳангом дар деҳоти Афғонистон падидаи нодир нест. Ба гузориши Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид, арӯсии духтарони аз шонздаҳ поён 57 %-и ҳамаи арӯсиҳо дар Афғонистонро ташкил медиҳад. Ҳомиёни ҳуқуқи зан дар ин кишвар мегӯянд, то 80%-и издивоҷ дар Афғонистон маҷбурӣ ва бо хости сарони хонаводаҳо ба амал меояд. Яке аз онҳо, корманди "Шабакаи занони Афғонистон", Хотима Муслеҳ, ба радиои Озодӣ гуфт, аксари духтарони деҳоти кишвараш сар аз даҳсолагӣ шавҳар мекунанд ва чанд ҳодисае ҳаст, ки духтарчаҳои нуҳсоларо низ завҷа кардаанд.

Бархе аз чунин духтарон дар ҳоле издивоҷ мекунанд, ки аз бозиҳои тифлона сер нашудаанд ва дар арӯсии худ, лухтак дар даст доранд. Онҳо замоне модар мешаванд, ки худ ҳанӯз кӯдаканд. Ва аксаран шавҳари онҳо мардҳои аз 40 то 60-солае ҳастанд, ки то арӯсӣ надидаанд. Ин ояндаест, ки хонаводаҳо барои духтарон тарҳрезӣ ва амалӣ мекунанд. Ояндае, ки на танҳо хушиҳои кӯдакӣ, балки хатту савод, омӯзишу парвариш ва тафаккуру зиндагии мустақилонаро аз онҳо мерабояд.

Ба ақидаи коршиносон, сабабҳои чунин падида дар Афғонистон зиёданд. Хонадонҳо мехоҳанд, духтарони худро ҳарчи зудтар ба шавҳар диҳанд, зеро аз синни муайян гузаштану бешӯ мондан барои ин духтарон ва хонаводаҳо айб шумурда мешавад. Камбуди амният дар ҷараёни се даҳаи ҷангу хунрезӣ таҳдиди дастизӯрӣ ба духтаронро густариш додааст ва фақр волидонро маҷбур мекунад, духтари худро "хӯрандаи зиёдатӣ" ҳисоб кунанд. Аммо издивоҷҳои зудҳангом сабаби маргумири зиёди миёни занон, ҳалокати атфол, зиндагии ноҳамвор ва шикастҳои равонӣ дар хонаводаҳо шудааст. Бадрия Ҳассос, мутахассиси бемориҳои занон дар "Шифохонаи Робиаи Балхӣ" дар Кобул, мегӯяд, бисёр душизагон дафъатан пас аз издивоҷ ба бемористон интиқол дода мешаванд. Нахустин озмоиши заношӯӣ эҳсосу афкори онҳоро такон медиҳад ва сабаби захмҳои ҷисмонӣ ва равонии онҳо мегардад.

Бо назардошти густардагии ин масъала ҳукумати Афғонистон дар андешаи ислоҳи вазъ аст. Чанде пеш синни мумкини издивоҷ барои духтарон аз 16 ба 17-солагӣ расонда шуд. Тибқи ин қонун марде, ки бо духтари поинтар аз 17 издивоҷ кардааст, гувоҳномаи издивоҷ гирифта наметавонад. Аммо барои аксарият комилан муҳим нест, издивоҷи худро расмӣ кунанд. Ягона роҳро созмонҳои ғайридавлатӣ ва фаъолони афғон дар маърифати ҷомеа мебинанд, вале инро ҳам иқрор мекунанд, ки решакан кардани одатҳои носолим шояд кори чандин насл бошад.
XS
SM
MD
LG