Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Чехия аз радари ИМА пуштибонӣ намекунанд


Тақрибан 70 дар сади сокинони Ҷумҳурии Чех ба мустақаршавии радар, яке аз бахшҳои сипари мушакии Амрико дар қаламрави кишварашон мухолифанд. Натоиҷи назарпурсиӣ дар ин бора ахиран нашр шуд. Вошингтон изҳор кардааст, ки ҳадаф аз бунёди радар ва дигар таҷҳизоти зидди ҳамлаи ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон - ҷилавгирӣ аз ҳамлаи мушакии Эрон ва дигар кишварҳои мустабид аст. Русия ба бунёди сипарии мушакии ИМА дар Аврупо қатъӣ мухолиф аст ва онро таҳдид ба амнияти худ арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG