Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифин гуруснанишинӣ мекунанд


Имрӯз ҷонибдорони Левон Гачечиладзе, номзади иттиҳоди мухолифини Гурҷистон ба мақоми раиси ҷумҳур дар канори бинои телевизиони ҷамоатии кишвар гуруснанишинии бидуни мӯҳлатро оғоз карданианд. Онҳо талаб доранд, ки дастрасии аҳзоби мухолиф ба барномаҳои мустақими телевизион таъмин шавад ва мақомот даври дуюми интихоботи раиси ҷумҳурро ташкил кунанд.

Аз ин пеш мухолифин раиси Комиссиюни Марказии интихоботии Гурҷистонро дар тақаллуб зимни баршумурдани раӣъҳои интихобкунандагон муттаҳам ва истеъфои ӯро талаб карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, баъди ин қонуншиканӣ Комиссиюн Михаил Саакашвилиро барандаи интихоб эълон кард. Худи Михаил Саакашвилӣ дирӯз гуфт, ки ӯ барои ҳамкорӣ бо мухолифин зимни таъсиси ҳукумати нав омода аст.

XS
SM
MD
LG