Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи сангини раҳбари пешини Индунезӣ


Пизишкон мегӯянд, вазъи собиқ диктатори индунезӣ Суҳарто аз нав бад шудааст. Хунрезии дарунӣ ва об гирифтани шуш сабаби интиқоли таъҷилии Суҳарто ба бемористони Ҷокорто будааст. Суҳартои 86-сола соли 1998, пас аз 32 соли ҳокимият аз мақомаш барканор гардид. Вазъи бади сиҳатияш имкон надод, бар зидди ӯ таҳқиқоти ҷиноӣ пеш бурда шавад. Матбуот Суҳарторо дар созмон додани як сулолаи баргузидагони худ ва рабудани беш аз 30 миллиард доллар сарвати мардуми Индунезӣ айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG