Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати вазири Шри Лонко аз ҳамлаи Бабрҳои Томил


Мақомоти Шри Лонко мегӯянд, як вазири ҳукумати ин кишвар бар асари инфиҷори бомб ба ҳалокат расидааст. Ба тахмини ин мақомот бомбае, ки аз таркиши он вазир бинокории миллии Шри Лонко Де Эм Дассаняаке кушта шуд, аз тарафи созмони Бабрҳои Томил гузошта шудааст. Суиқасд дар ҳоле ба амал омад, ки як ҳафта пеш ҳукумат оташбаси соли 2002-ро ба таври якҷониба беэътибол эълон кард.
XS
SM
MD
LG