Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ рӯзи арӯсии навашро ҳанӯз намедонад


Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ, мегӯяд, робитааш бо собиқ намунаи итолиёи Карла Брунӣ ҷиддист. Ин нукта дар посух ба суоле садо дод, ки оё овозаҳои издивоҷи нави Саркозӣ то куҷо дурустанд. Президенти Фаронса, ки дар моҳи октябр аз ҳамсараш Сесилия расман ҷудо шуд, гуфт, санаи арӯсии нави ӯ ҳанӯз дақиқ нагаштааст. Матбуоти Фаронса Саркозиро танқид мекунад, ки мушкилоти дохилиро нодида мегирад ва ғайрати бештарро ба намоиши муносибаташ бо Брунӣ ба харҷ медиҳад.
XS
SM
MD
LG