Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби узви эътилофи "Русияи дигар" дар Маскав


Эътилофи сиёсии "Русияи дигар" хабар додааст, ки яке аз фаъолони он дар Маскав ҳадафи латукӯб қарор гирифтааст. Узви эътилоф, Александр Авреин, ба хабарнигорон гуфт, рӯзи шанбе ду марди ношинос ба Мария Коледаи 17-сола дар назди хонааш дарафтода, ӯро латукӯб кардаанд. Коледа моҳи гузашта дар тазоҳуроти мухолифон бар зидди интихоботи порлумонӣ ширкат ҷуста буд. Ин интихобот аксарияти курсиҳои порлумонро насиби тарафдорони президент Владимир Путин гардонд.
XS
SM
MD
LG