Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин изҳороти Билавал Бҳутто Зардорӣ


Писари раҳбари мақтули мухолифони Покистон, Беназир Бҳутто, бори дигар аз Созмони Милали Муттаҳид хост, дар таҳқиқи куштори модари ӯ саҳм бигирад. Билавал Бҳутто Зардории 19-сола, ки акнун раҳбарии ҳизби модараш, Ҳизби мардуми Покистонро дар ӯҳда дорад, мегӯяд, ҳама гуна таҳқиқоте, ки зери дасти ҳукумати Покистон ҷараён мегирад, эътиборе нахоҳад дошт. Беназир Бҳутто, моҳи гузашта дар як суиқасд ҳангоми раҳпаймоии таблиғотии тарафдоронаш кушта шуд, вале то ҳанӯз сабаби асосии марги ӯ норӯшан боқӣ мондааст. Кордонҳои бритониёӣ дар пажӯҳиши ҳодиса ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG