Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Аббос ва Олмерт дар Байтулмуқаддас


Сарвазири Исроил, Эҳуд Олмерт ва раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, имрӯз, дар Байтулмуқаддас роҳҳои эҳёи раванди сулҳро баррасӣ мекунанд. Гуфтушунид дар остонаи сафари президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Буш ба Ховари Миёна иттифоқ меафтад. Ин нахустин сафари Буш дар мақоми президенти Амрико ба Исроил ва Каронаи бохтарист, ки дар фароянди конфаронси Аннаполис (охири соли гузашта дар Амрико) сурат мегирад. Дар он конфаронс Буш ваъда дода буд, ки то поёни давраи раёсатҷумҳурияш дар аввали соли 2009 ба сулҳи Ховари Миёна даст хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG