Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 нафар - дар банди тармаи Майхура


Тибқи иттилоъи расида аз минтақаи Майхура, воқеъ дар 65-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон, дар натиҷаи кучиши якчанд тарма шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд банд шудааст ва тайи се рӯз мешавад, ки даҳҳо мошинҳои борбару мусофирбар ва ҳудуди 80 нафар мусофир дар банди тарма мондаанд.

Гуфта мешавад, тармарезӣ ин дафъа талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, вале то ба ҳол мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба наҷоти дармондагон ва тозасозии тарма аз рӯи роҳ шуруъ накардаанд.

XS
SM
MD
LG