Пайвандҳои дастрасӣ

Федеросиюни футболи Тоҷикистон Пӯлод Қодировро сармураббии тими мунтахаби миллии футболи кишвар таъйин кард.

Вай дар ин вазифа Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро, ки феълан сармураббии тими лигаи олӣ - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода мебошад, иваз намуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон тӯли ду соли ахир бо раҳбарии Пӯлод Қодиров натиҷаҳои баланд ба даст овард. Футболбозони то 17-солаи кишвар соли 2006 барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё гардиданд. Соли гузашта онҳо дар давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат карда, ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд.»

Ба гуфтаи оқои Давлатов, нахустин бозии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пӯлод Қодирови 44-сола 6-уми феврали соли равон дар шаҳри Боку баргузор хоҳад шуд. Дар ин рӯз бозии дӯстона байни тимҳои миллии Озарбойҷону Тоҷикистон барпо мешавад. Ин дидор дар доираи омодагиҳои тими миллии Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати AFC-2008 барпо мешавад.

Собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бошад, дар айни ҳол тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистонро ба Ҷоми Иттиҳод-2008, ки 19-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шурӯъ хоҳад шуд, омода месозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG