Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати дуввуми номзадҳо дар Ню Ҳампшир


Интихобкунандагони амрикоӣ дар аёлати Ню Ҳампшир имрӯз ба беҳтарин номзадҳои интихоботи президентии моҳи ноябр раъй медиҳанд. Назарсанҷиҳои охир нишон додаанд, ки сенатор Барак Обама дар сабқати номзадҳои Ҳизби демократ аз рақибаш сенатор Ҳилларӣ Клинтон бартарии қавӣ дорад. Коршиносон мегӯянд, бону Клинтон талоши сахт дорад, то аз шикасти дувуми вайронгарона дар Ню Ҳампшир худро эмин гардонад. Вай дар интихоботи ибтидоии Айова танҳо ҷои саввумро гирифта буд. Аз миёни ҷумҳурихоҳон, тибқи назарсанҷиҳо, сенатор Ҷон Маккейн аз ҳарифони худ, Митт Ромнй ва Майк Ҳакебӣ пешсафтар аст. Дар ҳолест, ки ҳакебӣ дар Айова ҷои аввалро гирифта буд. Раъйдиҳӣ дар Ню Ҳампшир дар соати шаши субҳ ба вақти Душанбе поён хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG