Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии вазири дифоъи Амрико аз моҷарои Ҳурмуз


Роберт Гейтс ҳодисаи миёни новҳои дидбонии Эрон ва киштиҳои ҳарбии Амрикоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз "изтиробовар" номид.

Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, мегӯяд, тасодуфе, ки миёни новҳои дидбонии Эрон ва киштиҳои ҳарбии Амрико дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба миён омад, "ҳамчун нигаронии ҳақиқӣ" боиси "изтироби кофист". Гейтс ба хабарнигорон гуфт, "беҳтар мебуд, агар ҳукумати Эрон моҷароро рад мекард ва мегуфт, ки он дигар такрор намешавад."

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, киштиҳои ҳарбии Амрико рӯзи якшанбе дар обҳои байнулмилалӣ аз тариқи тангии Ҳурмуз ба самти Халиҷи Форс шино мекарданд ва дар ҳамин ҳол панҷ нов ё заврақи тезгард, ки бовар меравад, ба нирӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон марбутанд, ба онҳо наздик шуданд.

Ноиби Амриулбаҳр Кевин Косгрифф, фармондеҳи флоти панҷуми Иёлоти Муттаҳида, ки ба дидбонии Халиҷи Форс машғул аст, мегӯяд, заврақҳои эронӣ ба таври "арбадаҷӯёна" ба тарафи киштиҳои амрикоӣ шино мекарданд ва то фосилаи 500 метр ба онҳо наздик шуданд. Вай афзуд, новҳои эронӣ ашёи номаълумеро ба об партофтанд, аммо киштиҳои амрикоӣ аз ин ашё амн гузаштанд.

Баъд аз он ки киштиҳои амрикоӣ аз омодагии худ ба тирандозӣ нишона доданд, новҳои эронӣ маҳалли ҳодисаро тарк карданд. Дар ин ҳодиса тирандозие ба амал наомадааст. Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин воқеъаро камаҳамият ҷилва дода, онро як рӯйдоди муқаррарие мешуморад, ки дар миёни киштиҳои Эрон ва Иёлоти Муттаҳида зиёд ба вуқӯъ мепайвандад.
XS
SM
MD
LG