Пайвандҳои дастрасӣ

Арзиши як дақиқаи гуфтугӯ аз телефонҳои одӣ ба телефонҳои мобилӣ аз 16, 5 дирами қаблӣ то ба 4 дирам коҳиш ёфт. Як моҳ қабл, ин нарх аз 2 дирам боло бурда шуда буд.

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон қароре қабул кардааст, ки бино бар он баҳои занг аз телефонҳои одӣ ба телефонҳои мобилӣ коҳиш ёфтааст. Вазорат гуфтааст, ин қарор бар асоси тасмими гуруҳи корие, ки аз ҷониби ҳукумат таъсис ёфта буд, қабул шудааст.


Дар ин мавзӯъ:

Гароншавии гуфтугӯи телефонӣ ва пайомадҳои он


Қарори афзоиши нархи гуфтугӯ аз телефонҳои одӣ ба мобилҳо аз рӯзи якуми декабри соли 2007 ба иҷро даромада буд. Он замон, яку як бора 8 маротиба гарон гардидани нархи гуфтугӯ дар ҷомеа ва долонҳои ҳукуматӣ баҳсҳое барангехта буд.

Ширкати ходими телефонҳои одии Тоҷикистон – «Тоҷиктелеком» имкони занг задан аз телефонҳои худ ба мобилҳоро танҳо дар асоси қарордоди иловагӣ ба роҳ монда буд. Гуфта мешавад, теъдоди хеле ками созмонҳову ниҳодҳо ва аз ин ҳам камтари аҳолӣ чунин қарордод баста буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG