Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӯпони тоҷикро аз гаравгонӣ озод карданд


Боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз банди гаравгонӣ дар Афғонистон озод карда шудааст. Хабаргузории давлатии «Ховар» хабар додааст, ки сокини 42-солаи ноҳияи Шӯробод, ки чӯпонӣ мекардааст, аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон ҳанӯз дар оғози моҳи декабри соли гузашта гаравгон гирифта шуда будааст. Дар бораи сабабҳои гаравгонгирӣ хабар дода нашудааст. Ва аммо гуфта мешавад, маъмулан, сабаби аслии бештари ҳодисаҳои гаравгонгирӣ напардохтани маблағҳои маводи мухаддири афғонҳо мебошад. Чупони 42-солаи Шӯрободро марзбонон ва ходимони анмиятии тоҷик озод кардаанд. Тақрибан, як моҳ қабл, онҳо ду навраси дигари тоҷикро низ аз гаравгонии шаҳрвадони Афғннистон озод карда буданд.

XS
SM
MD
LG