Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси эътилофи ҳукмрон дар порлумони Косово


Дар Косово аҳзоби албанӣ дар мавриди таъсиси эътилофи ҳукмрон дар порлумон ба мувофиқа расиданд. Созишнома дар ин бора аз сӯи Лигаи демократии Косово ва Ҳизби демократии таҳти сарварии Ҳошим Тачӣ имзо шуд. Ин ду неруи сиёсӣ дар мавриди ҳайати нави кобинаи вазирон ва сарвазири ояндаи кишвар низ ба созиш расиданд ва тибқи хабарҳо, курсии сарвазирро Ҳошим Тачӣ ишғол хоҳад кард.

Порлумони Косово мавзӯъи таъсиси эътилофи ҳукмронро рӯзи 9 январ баррасӣ мекунад. Ҳадс зада мешавад, ки шояд баъд аз ин мақомоти Косово дар мавриди якҷониба аз ҳайати Сербия берун шудани минтақа тасмим мегиранд.

XS
SM
MD
LG