Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон ба созиш бо Варшава хушбин аст


Иёлоти Муттаҳида бовар дорад, ки дар мавриди мустақар шудани сипари мушакии кишвар дар Лаҳистон бо мақомоти ин кишвар ба созиш мерасад. Шон Маккормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон нигарониҳои Варшава дар ин мавридро дарк мекунад. Аз доираҳои дипломатии Лаҳистон хабар расид, ки рӯзҳои наздик тарҳи мустақаршавии сипари мушакии Амрико дар кишвар мавзӯъи аслии музокироти миёни ҳайатҳои Лаҳистону Русия хоҳад шуд. Интизор меравад рӯзи панҷшанбе Сергей Кисляк, муовини вазири хориҷаи Русия барои баррасии ин мавзӯъ бо мақомоти Лаҳистон вориди Варшава бигардад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG