Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каркук шаҳри курднишин хоҳад шуд?


Ҳукумати Ироқ ба хотири ҷилавгирӣ аз рух додани низоъҳои қавмӣ бояд мақоми шаҳри Каркук, воқеъ дар шимоли кишварро таҷдиди назар кунад. Баҳром Солеҳ, муовини сарвазири Ироқ – намояндаи курдҳо дар кобинаи вазирон имрӯз гуфт, ки курдҳо мехоҳанд ин шаҳр ба вилояти мухтори Курдистон шомил шавад ва аммо туркманҳо ва арабҳои муқими шаҳр бо ин пешниҳод мувофиқ нестанд.

Ба гуфтаи Баҳром Солеҳ, баъзе аз аъзои ҳукумати таҳти раёсати Нурӣ Ал Моликӣ дар роҳи ҳалли қазия монеъа эҷод мекунанд.

XS
SM
MD
LG