Пайвандҳои дастрасӣ

Кибакӣ боз хостори музокирот бо Одинга шуд


Мваи Кибакӣ, раисиҷумҳури Кения раҳбари мухолифин Раило Одингаро ба музокирот оид ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳур даъват кард. Агар Одинга ин даъватро бипазирад, гуфтушунид рӯзи ҷумъа доир хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Роила Одинга намоиши эътирозии густардаи ҷонибдоронашро, ки бояд имрӯз дар Найробӣ доир мешуд,мутаваққиф кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин иқдом – талоши пайдо кардани ҳалли мусолиматомези бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар аст. Мухолифин иддао доранд, ки мақомот дар ҳисобу китоби раӣъҳо дар интихоботи президентӣ даст ба тақаллуб задаанд. Бар асари даргириҳо баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳур дар Кения тақрибан 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дирӯз Ҷендей Фрейзер, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида изҳор кард, ки мақомоти Кения мардуми кишварро гӯл задаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадди аққал бояд Комиссиюни интихоботии Кения мавриди ислоҳот қарор гирад, зеро ин Комиссиюн дар аввал Кибакиро барандаи интихоботи президентии рӯзи 27 декабр эълон кард ва баъдан раиси Комиссиюн гуфт, ки ба пирӯзии Кибакӣ мутмаин нест.
XS
SM
MD
LG