Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадӣ Бобоев, ки 26 сол дорад, иқтисоддон аст ва яке аз донишгоҳҳои Бритониёро хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, ки як соли ояндаи зиндагии худро қаблан барномарезӣ карда, дар поёни сол бо назардошти дастовардҳои хеш дар охири сол онро бознигарӣ мекунад.

Ба гуфтаи Муҳаммадӣ, ӯ нахуст мақсадҳояшро муайян намуда, баъдан роҳҳои амалӣ кардани онҳоро меандешад. Ба гуфтаи ӯ, муҳим он аст, ки ҳадафҳои инсон ба воқеъият наздик бошад ва инсон барои амалӣ шудани он ба ҳадди мумкин саъй кунад. Муҳаммадӣ меафзояд, ӯ ҳамеша дар фикри иҷро кардани нақшаҳояш аст. Вай мегуяд, «чи тавре гуфтаанд, «бе азми дурусту сайъи комил, касро нашавад мурод ҳосил». Ҳар як ҳодисаву воқеъае, ки мешавад тасодуфи не, балки бояд барномарезишуда бошад. Вай меафзояд, албатта, дар соли 2008 низ ман чунин мақсадҳо дорам, барои мисол омӯзиши забонҳои нави хориҷи бар иловаи забонҳое ки медонам.

Муҳаммадӣ гуфт, дар соли 2007 ӯ тавонистааст 95 дарсади барномаи зиндагии хешро амалӣ кунад. Аммо мисли Муҳаммад дар Тоҷикистон ҷавононе, ки зиндагиашонро қаблан барномарезӣ кунанд, кам ҳастанд. Аксарияти онҳо ба гуфтаи худашон таваккалӣ рӯз мегузаронанд ва ҳатто дар миёни онҳо ин андеша вуҷуд дорад, ки ҳар он чизе ки дар насиби инсон бошад, ба ҳамон хоҳад расид.

Фаррух Сафаров, донишҷуйи донишгоҳи тибби Тоҷикистон мегӯяд, ӯ соли ояндаашро барномарезӣ накардааст. Аз ин рӯ Фаррух ҳар рӯзашро он гуна сипарӣ мекунад, ки дар тақдираш навишта шудааст. Вай мегуяд, нақшаро пешакӣ кашидан ҳам ин дуруст нест. Оё барор мегирад ё не, касе кафолат намедиҳад.

Дар ин замина Муҳаббат Пирназарова, ҷомеъашиноси тоҷик, мегӯяд, имрӯз ҷавонони кишвар то он андозае омода нестанд, ки зиндагии яксола ва ҳатто чанд моҳаи хешро пеш аз қабл ба нақша бигиранд. Зеро, мегӯяд ӯ, онҳо ба дарки он нарафтаанд, ки аз пеш омода шудан имкони расидан ба ҳадафро бештар мекунад ва ё кори мавриди назар дурустар ва босамар анҷом мешавад. Муҳаббат Пирназорова меафзояд, аз ин рӯ ин ҷавонон, ки ҳатто тасмимҳои барои зиндагиашон муҳимро тавакали ва ё дуруст андеша накарда қабул мекунанд, ба мушкилоти фаровон жарфтар фурӯ мераванд.

Ӯ мисол меорад, ки аксари ҷавонони кишвар бидуни омодагии ҳаматарафа ва махсус муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд, ки дар натиҷа мавриди суистифода ва фиреб қарор мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки онҳо омода нестанд ва азоб мекашанд. Барои он ки онҳо азоб накашанд мо бояд дар худи Тоҷикистон ба ҷавонон мақсадгузори ва касбҳои гуногунро омузонем.

Ба гуфти ҷомеъашиносон, зиндагии барномарезиношуда дар камтарин маворид боиси муваффақиятҳои тасодуфии инсон мешавад ва ғолибан боиси аз даст рафтани гаронтарин чиз дар зиндагии шахс - «ВАҚТ» мегардад. Зеро бо орзу кардану интизори амали шудани он, одатан таъғироти куллие дар зиндагии инсонҳо ба вуқӯъ намепайвандад. Муҳаббат Пирназарова, мегуяд, вақте ки мо барномарези мекунем, ба муваффақиятҳои бештар ноил мешавад. Аммо вақте ки шахс таввакал мекунад, имконияти зиёд ва вақтро гум мекунад.

Равоншиносон гуфтаанд, ки агар шумо дар назди худ мақсаде гузоштаед ва мехохед, ки ба он ноил шавед, ҳадди аққал расми онро барои худ бикашед ва дар ҷойи намоёне бароятон биовезед. Ин амал ба шумо кӯмак мекунад, ки барои ба орзуи хеш ноил шудан бо афзудани донишу ғайрат ва имконотатон замина гузоред.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG