Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди маллоҳони Эрон ба киштиҳои Амрико


Мақомоти вазорати дифоъи Амрико мегӯянд, ки киштиҳои низомии Эрон дар қаламравҳои обии байналмилалӣ дар Халиҷи Форс ба киштиҳои Амрико таҳдид кардаанд. Як мақоми вазорати мазкур гуфтааст, рӯзи панҷуми январ панҷ киштии баландсуръати эронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба киштиҳои низомии Амрико наздик шуда ва маллоҳонаш бо истифода аз баландгӯ таҳдид кардаанд, ки киштиҳои Амрикоиро метарконанд. Ҳарчанд фармондеҳи киштиҳои Амрикоӣ омодаи дастур додан ба ҳамла будааст, аммо киштиҳои низомии Эрон ба маҳалли худ бозгашта ва миёни миёни ду ҷониб тирандозӣ сурат нагирифтааст. Пас аз ин хабар қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба 98 доллар барои ҳар бушка расид.

XS
SM
MD
LG