Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди барқ ранҷ мебаранд, қимати нерӯи барқ дар ин кишвар то 20 дарсад афзудааст.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, боло бурдани баҳои барқ бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифта ва бар асоси барномаи махсус то соли 2010 қимати нерӯи барқ то ба 8,6 дирам ё 2,5 сенти амрикоӣ афзоиш дода мешавад. Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик», ба Радиои Озодӣ гуфт, сар аз моҳи январи имсол арзиши нерӯи барқ барои сокинон 3,2 дирамро ташкил медиҳад. Ба ишораи Гулов, дар соли гузашта аҳолӣ барои истифодаи фақат 250 киловатт соат нерӯи барқ 2,4 дирамӣ пардохт мекард ва дар сурати истифодаи зиёди он қиматаш ба 3,8 дирамӣ мерасид. Аммо ҳоло лимити муқарраркардаи 250 киловатт соат нерӯи барқ рафъ шуда, сокинон тибқи нархномаи нав барои барқи истифода бурдаи худ маблағ месупоранд.

Рашид Гулов мегӯяд, тарҳи нархномаи нави фурӯши нерӯи барқ ҳанӯз дар авохири моҳи декабри соли гузашта таҳия гардидааст. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳо таруфаи нави фурӯши барқ феълан дар Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад. Содиқ Ҳайитов, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ, мегӯяд, ин созмони байнулмилалии молӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар оғози соли 2006 мувофиқат кардаанд, ки барои бозгардонии сармояҳои масрафшуда дар сохтмонҳои энержии «Сангтӯда-1» ва «Лолазор-Хатлон» қиммати нерӯи барқро зина ба зина боло бубарад.

Вай мегӯяд, сохтмонҳои бузурги энержии Тоҷикистон ҳамагӣ бо бидеҳиҳои дарозмуддат бунёд мешаванд ва бояд дар мӯҳлати муайян баргардонида шаванд. Ба таъкиди оқои Ҳайитов, дар сурати боло набурдани қимати нерӯи барқ ҳукумати Тоҷикистон дар ботлоқи вомҳо ғӯта хоҳад зад ва имкони пардохти чунин қарзҳоро ба танҳоӣ нахоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, «ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки бояд қимати нерӯи барқро то соли 2010 боло бубарад. Ва ин севвумин бор аст, ки қимати нерӯи барқ дар кишвар афзоиш меёбад. Оре, гуфта метавонам, ки боло бурдани қиммати барқ барои сокинони камбизоат мушкилу дардовар аст, аммо бояд маблағи барқи истифодашударо супорид».

Гуфта мешавад, як киловатт соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле бо арзиши тақрибан як сенти амрикоӣ фурӯхта мешавад, ки дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ арзиши он болотар аз он будааст. Ба гуфтаи масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» дар Беларус як киловатт соат нерӯи барқ 8 сент, дар Укроин 6, дар Русия 4 ва дар Узбакистон 2 будааст. Аммо бо ин ҳол, аҳолии камбизоати Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи занони бесаробон ва пиронсолонанд, аз боло рафтани арзиши нерӯи барқ нигарон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ба сурати умум дар зимистон аз истифодаи бештари нерӯи барқ кор мегиранд ва наметавонанд ба қимати 3,2 дирамӣ маблағи нерӯи барқи истифодакардаи худро бипардозанд.

Бо ин ҳама, дар фасли сармои зимистон куллия манотиқи Тоҷикистон бо изофаи баъзе аз қисматҳои пойтахти кишвар аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанд. Шурӯъ аз моҳи октябри соли гузаштаи 2007 низ барои сокинони Тоҷикистон лимити шадид ҷорӣ шудааст ва онҳо дар як шабоанрӯз ҳамагӣ ба 4 ё 5 соат нерӯи барқ дастрасӣ доранду тамом. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз Узбакистон дар фасли сармо 600 миллион киловатт соат нерӯи барқ ворид мекунад. Тоҷикистон, ки дар фасли гармо бештар аз эҳтиёҷоти худ нерӯи барқ тавлид карда ва мефурушад, аз тирамоҳ то авоили баҳор ба севуним миллиард киловат соат нерӯи барқи изофӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG