Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ғолиб шуд


Натоиҷи бадастомадаи интихоботи Гурҷистон бори дигар собит сохт, ки аз Саакашвилӣ аксарияти аҳолии ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

Рақиби аслии вай - Леван Гачечиладзе аз эътилофи неруҳои мухолифин тавонистааст, тақрибан 27 дарсади ороро соҳиб шавад. Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябр неруҳои мухолифин тазоҳуроти зиддидавлатӣ созмон доданд ва аз Михоил Саакашвилӣ тақозо карданд, ки аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо диҳад ва ё дар Гурҷистон интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ эълон кунад, зеро аксари ҷонибдоронаш аз вай рӯ гардондаанд. Ҳоло, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихобот эълон шудааст ва Михоил Саакашвилӣ ҳудуди 52 дарсад раъй ба даст овардааст, Леван Тархнишвилӣ, раиси Кумисюни марказии интихоботии Гурҷистон ба матбуот гуфтааст, натиҷаҳои ниҳоӣ арқоми қаблан эълоншударо чандон тағир нахоҳад дод.

Давид Какабадзе, мудири бахши гурҷии радиои Озодӣ, мегуяд, интихоботи кунунӣ аз замони фурӯпошии Шуравии собиқ то ҳол, яъне дар солҳои истиқлоли Гурҷистон, беҳтарин интихобот будааст. Вай афзудааст, ин нукта, ки ширкати раъйдиҳандагон дар интихобот зиёд буд, нишондиҳандаи хеле ҷанбаҳост, зеро мардуми Гурҷистон тасмим гирифтаанд, ки сарнавишти кишварашонро худашон таъйин кунанд, дар бораи сарнавишташон худашон тасмим бигиранд.

Агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки дар Гурҷистон 3 миллиону 400 ҳазор раъйдиҳанда вуҷуд дорад, пас метавон гуфт, 50 дарсади оро, ки оқои Саакашвилӣ ба даст овардааст, рақами қобили мулоҳиза аст, зеро сеяки аҳолии қобили раъйи Гурҷистон дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебаранд. Аз сӯи дигар Александр Ронделӣ, таҳлилгари сиёсӣ, мегуяд, пирӯзии Саакашвилӣ бо каме бартарӣ дар даври аввал ва бохти вай дар Тифлис ғайриқобили пешбинӣ буд. Гачечиладзе - номзади мухолифон аз дар ҳавзаи интихоботии Тифлис дар 8-тои он пирӯз шудааст.

Оқои Ронделӣ дар бораи бохти Саакашвилӣ дар Тифлис гуфт, албатта, ман бештар аз ин интизор будам. Саакашвилӣ корзори қаввии интихоботӣ дошт ва давоми он нисбат ба мухолифонаш ба масъалаҳои муҳимтаре таваҷҷуҳ мекард. Вай афзуд, ба ҳамин сабаб ман интизори бештар доштам ва фикр намекардам, ки вай дар Тифлис мағлуб мешавад.

Таҳлилгарон ва нозирон мегуянд, дар Гурҷистони пас аз Шуравӣ бори аввал дар интихобот рақобати воқеъии неруҳои сиёсӣ мушоҳида шудааст. Нозирони САҲА дар эъломияи муқаддамотии худ роҷеъ ба ин интихобот гуфтаанд, бо вуҷуди ин ки баъзе нукоти манфӣ мушоҳида шудааст, вале интихобот дар наҳваи баргузории худ ба муқарраоти байналмиллалии интихоботи демократӣ мутобиқат дошт.

Аммо ин нуқтаи назарро эътилофи 9 ҳизби мухолиф қабул надоранд. Онҳо мегуянд, мақомоти расмӣ талош доранд, дар натиҷаҳои интихобот ба нафъи худ асар гузоранд ва бад-ин тариқ ба даври дуввуми интихобт нарванд. Гачечиладзе ва ҷонибдоронаш мегуянд, онҳо дар бораи тақаллуб далоил дар даст доранд. Ба ин сабаб шуруъ аз 8-уми январ онҳо ҳар рӯз тазоҳурот анҷом хоҳанд дод. Аммо таҳлилгарон мегуянд, шумораи ширкаткунандагон дар дар тазоҳурот чандон зиёд нахоҳад буд.

Ҳамзамон бо интихоботи зудҳангоми Гурҷистон дар ин кишвар раъйпурсӣ низ анҷом гирифт ва дар он ду суол – яке дар мавриди замони интихоботи порлумонӣ ва дуввум дар бораи узвияти Гурҷистон дар паймони НАТО - матраҳ буд. Кумисюни Марказии Интихоботӣ натиҷаҳои ин райпурсиро эълон накардааст, вале назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки 61 дарсад мардум аз узвияти Гурҷистон дар НАТО ҷонибдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG