Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Солана аз интихоботи Гурҷистон


Сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Хавиер Солана Гурҷистонро бо он чӣ ки ӯ “ интихоботи воқеан рақобатӣ” хонд, табрик гуфт. Бар асоси натиҷаҳои тақрибан ниҳоии интихобот, ба гуфтаи Кумиссиёни Марказии Интихоботи Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ ҳудуди 53 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Рақиби аслии ӯ ва номзади мухолифон Леван Гачечиладзе 25 фоизи раъйи мардумро аз они худ кардааст. Сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Хавиер Солана ҳамзамон аз мақомоти Гурҷистон хостааст, тамоми гузоришҳо роҷеъ ба сохтакорӣ ва таққалуб дар интихоботро ба таври комил таҳқиқ кунанд. Аҳзоби мухолифи Гурҷистон натиҷаҳои интихоботро сохта хондаанд. Михайил Саакашвилӣ пас аз саркӯбии хушунатомези тазоҳуроти тарафдорони мухолифин дар моҳи ноябр дар Гурҷистон интихоботи зудраси раёсати ҷумҳур эълом кард.

XS
SM
MD
LG