Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбубияти Барак Обама афзудааст


Бар асоси назархоҳиҳо, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико Барак Обама дар аёлати Ню Ҳемпшир назар ба рақибаш аз ҳамин ҳизб Ҳилларӣ Клинтон маҳбубияти бештар доштааст. Интихоботи муқаддамотӣ барои пешбарии номзад аз ин аёлат фардо рӯзи 8-уми январ баргузор мешавад. Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқи афкори умум, ки рӯзи якшанбе нашр шуд, тарафдорони Барак Обама пас аз интихоботи муқаддамотӣ дар аёлати Айова дар ҳафтаи гузашта аз Ҳилларӣ Клинтон даҳ фоиз бештар шудаанд. Барак Обама рӯзи якшанбе ба раъйдиҳандгони амрикоӣ дар Ню Ҳемпшир гуфт, метавонад, ҳам номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва ҳам рақибони ҳамҳизбашро шикаст диҳад:
"Мо раъйҳоро ба даст меорем ва бо ҳамин роҳ дар интихобот пирӯз хоҳем шуд. Аз ин аст, ки бар асоси назархоҳиҳо, ман ҳамаи номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳро шикаст медиҳам. Ман Ҷон Маккейнро шикаст медиҳам, Мит Ромниро шикаст медиҳам, Рудӣ Ҷулианиро шикаст медиҳам, Фред Томпсонро шикаст медиҳам. Ман ҳамаи онро шикаст медиҳам, зеро мо медонем, ки онҳо ба гузашта фикр мекунанд ва мо доир ба оянда."
Бар асоси назархоҳиҳо, аз миёни номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ сенатор Ҷон Маккейн аз ду рақибаш Мит Ромнӣ ва Майк Ҳаккабӣ пешсаф аст.

XS
SM
MD
LG