Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод шаш нафарро куштанд


Бар асоси гузоришҳо аз шаҳри Бағдод, имрӯз 8 январ бар асари як бомбгузорӣ дар назди идораи давлатии умури масҷид ва зиёратгоҳҳои суннимазҳабон дар ин шаҳр дасти кам шаш нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Як бомбгузори маргталаб бомби бо худ доштаашро дар маҳаллаи Аъзамияи Бағдод дар даромадгоҳи идораи мазкур мунфаҷир кардааст. Бино ба гузоришҳо дар ин таркиш, раҳбари як гурӯҳи суннимазҳаби шибҳанизомӣ, ки аз сӯи Амрико дастгирӣ мешавад, ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG