Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ғайринизомиён дар Урузгон


Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ эълом кард, ки бар асари як даргирӣ миёни нерӯҳои паймон ва ҷангҷӯёни Толиб дар ҷануби Афғонистон ду нафари ғайринизомӣ кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин даргирӣ рӯзи ҷумъа дар наздикии Тиринкут маркази маъмурии вилояти Урузгон пайвастааст, ки дар ин ҷо Толибон ба мошини гаштзании сарбозони НАТО ҳамла кардаанд. Сарбозони Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятии ба раҳбарии НАТО рӯзи шанбе ба маҳалли ҳодиса баргашта ва дар онҷо ҷасади ғайринизомиён ва ҳамчунин афроди маҷрӯҳро пайдо кардаанд. Дар баёнияи НАТО гуфта мешавад, ки ҳалокшудагон як тифл ва як калонсол ҳастанд. Се тифли дигар низ ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи Паймони Атлантики Шимолӣ ҳоло маълум нест, ки ин ғайринизомиён чӣ гуна маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG