Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати нахустини варзишӣ дар соли 2008


Мавсими имсолаи варзиш дар Тоҷикистон бо сабқати қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа беш аз 70 нафар шатранҷбозони синнашон аз 8 то 20-сола дар шаш гурӯҳ рақобат доранд.

Умед Саидов бо 6, 5 имтиёз аз 7 бозӣ дар сабқати писарони то 12-сола дар ҷои аввал мебошад. Дар ин гурӯҳ миёни духтарон Мутрибаи Илҳом, ки бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз гардидааст, бо 6 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад.

Шодмон Мирзозода бо 7 имтиёз аз 7 дидор дар сабқати наврасони то 14-сола дар ҷои нахуст аст. Сарвиноз Каримова бо 6 имтиёз аз 6 бозӣ миёни духтарони ин гурӯҳ пешсаф мебошад.

Икром Илҳомзода бо 7 имтиёз аз 7 бозӣ дар сабқати наврасони то 16-сола мудаъии аслии унвони қаҳрамонист. Дар ин гурӯҳ миёни духтарон Марворид Насриддинова натиҷаи беҳтарин 8 имтиёз ба даст овардааст.

Темур Гадоев бо 5 имтиёз аз 6 бозӣ дар сабқати ҷавонони то 20-сола дар ҷои аввал мебошад. Дар ин гурӯҳ миёни духтарон Надежда Антонова бо 6 имтиёз аз 7 дидор дар ҷои нахуст аст.

Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева мегӯяд, қаҳрамонҳои нави шоҳмоти шаҳри Душанбе байни наврасону ҷавонон рӯзи 10-уми январ муайян хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG