Пайвандҳои дастрасӣ

ҲМП хостори кумаки СММ дар таҳқиқи куштори Бҳутто


Ҳизби мардумии Покистон мегӯяд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии кишвар хостори кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар тафтиши қазияи куштори хонум Беназир Бҳутто хоҳад шуд. Ба гуфтаи намояндаи ин ҳизб, фарзияҳои ҳукумати кишвар дар бораи ҳалокати сарвазири собиқи кишвар мунтазам тағйир мехуранд. Дар аввал мақомот ҳадс заданд, ки Беназир Бҳутто бар асари беэҳтиётӣ, яъне бархурдани сараш ба болопӯши фулодини мошин ба ҳалокат расидааст. Ҳоло бошад, ҳукумат аз фарзияи аз тир кушта шудани сарвазири пешини кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

Қаблан Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Покистон гуфта буд, ки мақомоти амниятӣ барои таъмини бехатарии хонум Бҳутто аз ҳама чораҳои имконпазир кор гирифта буданд. Айни ҳол гурӯҳи муфаттишон аз Бритониё ҳамроҳ бо мақомоти Покистон сабабҳои ҳалокати хонум Бҳутторо тафтиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG