Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кохи Сафед: Буш аз террористон намеҳаросад


Вошингтон таҳдиди созмони "Ал-Қоида" дар арафаи сафари раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёнаро рад кард. Гордон Ҷонро, намояндаи Кохи Сафед имрӯз гуфт, ки ин созмони ифротгаро ба ҷуз аз куштору хушунат дигар чизе натавонад пешниҳод кунад, дар ҳоле, ки ҳадаф аз сафари Ҷорҷ Буш – мусоидат ба таъмини сулҳу оромӣ дар ин минтақа аст.

Тибқи хабарҳо, ахиран як амрикоии узви Ал Қоида аз ошубгарон хостааст, ки зимни сафари Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна алайҳи сарвари Амрико ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд. Сафари раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои Ховари Миёна рӯзи сешанбе шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG