Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Бҳутто СММ-ро ба тафтиш даъват мекунад


Ҳизби раҳбари мақтули мухолифини Покистон хонум Беназир Бҳутто мегӯяд, агар ин ҳизб дар интихоботи парламентии моҳи оянда пирӯз шавад, аз СММ дархост мекунад, ки қазияи куштори Бҳутторо тафтиш намояд. Фарҳатуллоҳ Бобур мансабдори баландпояи ҳизби мардумии Покистон (PPP) изҳор намуд, ки фарзияи ҳукуматии куштор ҳар рӯз тағйир меёбад.
Президенти Покистон Парвез Мушарраф мегӯяд, эҳтимол тири марди силоҳбадаст ба хонум Беназир Бҳутто расида бошад, вале раҳбари мухолифин бо ташаббуси худаш бо хатар мувоҷеҳ шуд ва масъулияти марги ӯ бар дӯши худаш мебошад.
Қаблан ҳукумати Мушарраф таъкид мекард, ки Бҳутто на аз тир, балки аз таъсири бархӯрди сараш бо мошин ҳалок шудааст. 27 декабр баъди анҷоми гирдиҳамоӣ дар Равалпиндӣ бомбгузори маргталаб болои мошини Бҳутто ҳамла карда буд.
Мушарраф ба хабарнигорони амрикоӣ гуфтааст, ки Бҳутто худ масъули маргаш мебошад, зеро дар дохили мошинаш рост истода буд ва сарашро аз даричаи болои мошин берун баровард.
XS
SM
MD
LG