Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА:Шаръияти интихоботи Гурҷистонро бояд пазируфт


Нозирони байналмилалии интихоботи президентии Гурҷистон мегӯянд, ки сарфи назар аз баъзе камбудиҳо маъракаи интихоби раисҷумҳури ин кишвар бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт ва паёмади он бояд ба ҳайси натиҷаи шаръӣ эътироф шавад.
Раиси ҳайъати нозирони САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо) Алсӣ Ҳастингс дар пойтахти Гурҷистон иброз дошт, ки ҳамаи номзадҳо имкон доштанд маъракаи пешаз интихоботӣ доир намоянд ва раъйдиҳӣ озод буд.
Аммо мухолифини ҳукумати Гурҷистон гирдиҳамоии эътирозӣ бар зидди ба қавли онҳо "таҳрифи" натиҷаҳои интихоботи президентиро мадди назар гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG