Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ натиҷаи расмии интихоботро мунтазир аст


Шоми 5-уми январ, баъди онки раъйдиҳӣ анҷом ёфт, КМИР-и Гурҷистон интихоботи президенти кишварро расман доиршуда ҳисобид.

«Интихоботи президентӣ дар Гурҷистонро метавон доиршуда ҳисобид, – эълом намуд Леван Тархнишвили, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Гурҷистон, дар нишасти матбуотӣ дар Тбилисӣ шоми дирӯз, 5-уми январ. – Ба душвориҳои табиъӣ ва қонунвайронкуниҳои ночиз нигоҳ накарда, интихобот доир гардид». Ӯ афзуд: «Нақзҳои қонуни интихобот, ки дар ҷараёни он ба қайд гирифта шуданд, чунин хусусиятеро, ки баргузории интихоботро зери суъол баранд, ҷой надоштанд».
Л. Тархнишвили дар нишасти матбуотӣ
Дар ҳамин ҳол раиси КМИР эълом намуд, ки ширкати интихобкунандагон дар интихобот 56,17%-ро ташкил дод (1 912 943 нафар). Л. Тархнишвили тазаккур дод, ки КМИР феълан аз 44 қитъаи интиқоботӣ маълумоте дар ихтиёр надорад.
Пас аз ин эъломияи раиси КМИР-и Гурҷистон мухолифини ҳукумати Гурҷистон бар зидди, ба қавли онҳо, "таҳрифи" натиҷаҳои интихоботи президентирогирдиҳамоии эътирозиро дар назар гирифтаанд.
Президенти кунунии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ пешбинӣ мекунад, ки ӯ дар интихоботи рӯзи шанбе пирӯз шудааст. Бо ишора ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ дар назди ҳавзаҳои интихоботӣ Саакашвилӣ гуфт, ки ӯ беш аз 50%-и раъйи интихобкунандагонро касб намудааст ва аз ин рӯ эҳтиёҷ ба даври дувуми интихобот вуҷуд надорад. Ӯ иброз дошт, ки ба ҳар ҳол то эълони натиҷаҳои ниҳоӣ аз эъломи пирӯзиаш худдорӣ мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки субҳи имрӯз Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон баъди баррасии 10%-и раъйҳо изҳор намуд, ки бо касби 59 дарсади раъйҳо Саакашвилӣ дар ҷои аввал аст. Дар ҳамин ҳол 22%-и раъйдиҳандагон аз рақиби асосии ӯ Леван Гачечиладзе пуштибонӣ кардаанд.
Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз нозирониСозмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар мавриди интихоботи президенти Гурҷистон изҳороте ба табъ мерасонанд.
Баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифин дар моҳи ноябри соли гузашта Саакашвилӣ муҳлати панҷсолаи раёсатҷумҳуриашро кӯтоҳтар намуда, ин интихоботи пешазмуҳлатро роҳандозӣ кард.
XS
SM
MD
LG