Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон сафари Ховари Миёнаи Бушро танқид кард


Имрӯз Эрон сафари тарҳрезишудаи президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёнаро танқид кард. Ба қавли Эрон ҳадаф аз ин сафар, ки ҳафтаи оянда доир хоҳад шуд, дахолат дар равобити миёни кишварҳои минтақа аст. Рӯзи чоршанбе президент Буш ба Исроил ташриф оварда, ҳамчунон аз шаҳри фаластинии Ромаллоҳи соҳили ғарбӣ зиёрат мекунад. Сипас ӯ аз Кувайт, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Миср боздид хоҳад кард. Пешбинӣ мешавад, ки аснои сафар президент Буш бо ишора ба барномаи ҳаставии Ҷумҳурии исломӣ кишварҳои арабро ба афзоиши фишор болои Эрон даъват мекунад. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Алӣ Ҳусейнӣ сафари Бушро "тарғибот" унвон додааст.
XS
SM
MD
LG